НАМОЗИ КӮТОҲ (#14612)

*Он касе, ки мехоҳад намоз бигузорад, бояд рӯ ба сӯи Қибла оварад, он гоҳ ба хондани намоз шурӯъ намояд. Вақти хондани ин намоз дар як рӯз як бор аст, аз ниcфирӯзӣ то нишастани офтоб.

Шаҳодат медиҳам, Эй Худои ман, ба ин ки Ту маро офаридаӣ, то Туро бишиносам ва Туро парастиш намоям.
Шаҳодат медиҳам, дар ин ҳангом, ба нотавонии худ ва тавоноии Ту ва бенавоии худ ва дороии Ту. Нест Худое, ҷуз Ту, Нигаҳбон ва Ҷовидон.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

